Бо мақсади рушди фаъолияти волонтёрӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, иштирок, ҷалб ва ҳавасмандсозии сокинон дар самти тозагию ободии пойтахт, муносибати оқилонаи аҳолӣ нисбат ба табиат ва пешгирӣ аз ифлосшавии муҳити зист, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Клуби «Волонтёрони экологӣ» дар назди Раиси шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.