22 октябри соли 2025 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аксар аъзои он дар мавзуи «Нақшҳои ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ» баргузор гашт.
Доир ба мавзуъҳои мавриди назар тибқи барномаи ҷаласа нотиқон суханронӣ намуданд ва дар қисмати охир мубоҳиса сурат гирифт.
Дар ҷаласа муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода доир ба нақши ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ баромад намуд.
Аз ҷумла, қайд намуд, ки ниҳодҳои ҷамъиятӣ метавонанд байни давлат ва аҳолӣ робитаи устувор барқарор намуда, дар татбиқи сиёсати экологӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ ва истифодаю ҳифзи захираҳои табиӣ саҳми назаррас гузоранд.