19 октябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангию
фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ”-и пойтахт Ҷашни Меҳргон ва
Рӯзи кишоварзон бо баргузории Фестивал - намоиши маҳсулот ва техникаи
кишоварзӣ, ҳамзамон баргузории Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва
фурӯши асал, Иди себ ва ангур, Фестивали “Оши палов”, намоиш ва
фурӯши шолӣ, биринҷ ва Иди тарбузу харбуза ва каду бо шукӯҳу шаҳомати
хоса таҷлил гардид.
Нахуст дар фазои тантанавии идона муовини Сарвазири Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ матни табрикоти
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Ҷашни Меҳргон қироат намуд. Аз ҷумла,
зимни суханронӣ қайд гардид, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур
эҳёи анъана ва суннатҳои миллӣ, муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ,
тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, пешниҳоди дастранҷи деҳқон, эҳё
намудани анъанаҳои парвариши навъҳои гуногуни меваҷоту сабзавот ва аз
таҷрибаи деҳқон баҳра бурдан аст.
Дар чорабинии мазкур Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва зерсохторҳои
алоҳидаи он фаъолона иштирок намуда, дастовардҳои самти марбута низ ба
маърази тамошо гузошта шуд.
Меҳмонон ва сокинон аз меваҳои шаҳдбор ва дигар маҳсулоти ватанӣ,
ки идгоҳро зиннат медод дидан намуда, таасуроти хуб бардоштанд.
Ҳайати комиссия аз намоишгоҳ дидан намуда, ба ташкилкунандагон
баҳои баланд доданд. Дар қисмати дигари чорабинии ҷумҳуриявӣ ба
беҳтарин ташкилкунандагон диллому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ
тақдим карда шуд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
низ барои фаъолона иштирок намудан дар чорабинии мазкур бо сипоснома
мушарраф гардид.