C анаи 13 октябри соли 2025 дар бинои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумита Баходур Шерализода бо котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Аврупо (UNECE) хонум Татяна Молчан…
Cанаи 13 октябри соли 2025 дар бинои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумита Баходур Шерализода бо котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Аврупо (UNECE) хонум Татяна Молчан баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ раиси Кумита Баходур Шерализода хонум Татяна Молчанро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, қайд карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша омодаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мебошад.
Дар доираи вохӯрӣ тарафаҳо вобаста ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба татбиқи Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологӣ барои солҳои 2026–2030, ҳамоҳангсозии стандартҳои экологӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ, амалӣ намудани Қарори СММ дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо — 2025 - аз ҷумла омодасозии экспедитсияи минтақавӣ ва гузориш барои конфронси байналмилалӣ, инчунин дастгирии фаъолияти Маркази минтақавии идораи партовҳо дар шаҳри Душанбе низ муҳокима шуданд. Дар поёни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкории амалии дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти ҳифзи муҳити зист ибрози андеша доштанд.