Ҳамватанони азиз! Бо камоли эҳтиром ва самимияти хоса ҳамаи Шумо, ҳамкорони гиромӣ ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати яке аз санаҳои муҳими таърихи давлатдории навини тоҷикон — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16-уми ноябр таҷлил мегардад, самимона табрику муборакбод менамоям. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар рамзи арҷгузорӣ ба давлатдории миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва қадршиносии хизматҳои таърихӣ дар роҳи барқарорсозии сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад. Дар ҳақиқат, дар таърихи навини давлатдории тоҷикон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи якпорчагии кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат басо муҳим арзёбӣ мегардад.
7-уми ноябри соли 2026 директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ бо намояндагони Бонки Рушди Олмон (KfW), Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, ташкилоти GFA ва Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани рушди устувори деҳот тавассути истифодаи мутобиқшудаи замин ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамватанони азиз! Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва заминаи асосии низоми давлатдорӣ дар таърихи ҳар як миллат нақши сарнавиштсоз дорад. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ буда, дар ташаккул ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳифаи тозаеро боз намуд. 6 ноябри соли 1994 марҳалаи муҳими таърихи навини Тоҷикистон оғоз гардид. Бо қабули Конститутсия асосҳои ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян гардида, барои пешрафти минбаъдаи тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар заминаи устувор фароҳам оварда шуданд. Ин санади тақдирсоз роҳи рушди давлатро муайян намуда, барои таҳкими суботу оромӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва татбиқи ҳадафҳои созандаи миллӣ шароити мусоид муҳайё сохт. Рӯзи Конститутсия на танҳо таҷлили қабули санади олии ҳуқуқии мамлакат, балки рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносии давлатдорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои бунёдии ҷомеаи тоҷик мебошад. Ин санаи фархунда дар қатори муҳимтарин ҷашнҳои миллию давлатӣ ҷойгоҳи хос дошта, барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон азизу гиромӣ аст.
24 октябри соли 2026 намояндагони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...
17 октябри соли 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии...
14–15 октябри соли 2026 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии...
12–16 октябри соли 2026 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон...
Санаи 12-уми октябри соли 2026 дар бинои дастгоҳи марказии...