17 октябри соли 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Меҳргон бо баргузории як қатор фестивалҳо ва намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ таҷлил гардид.
Дар доираи чорабинии мазкур намояндагони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти ҷангал, аз ҷумла меваҳои хушк, чормағз, асал ва ниҳолҳои гуногунро муаррифӣ намуданд.