Ҳамватанони азиз!
Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва заминаи асосии низоми давлатдорӣ дар таърихи ҳар як миллат нақши сарнавиштсоз дорад. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ буда, дар ташаккул ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳифаи тозаеро боз намуд.
6 ноябри соли 1994 марҳалаи муҳими таърихи навини Тоҷикистон оғоз гардид. Бо қабули Конститутсия асосҳои ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян гардида, барои пешрафти минбаъдаи тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар заминаи устувор фароҳам оварда шуданд. Ин санади тақдирсоз роҳи рушди давлатро муайян намуда, барои таҳкими суботу оромӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва татбиқи ҳадафҳои созандаи миллӣ шароити мусоид муҳайё сохт.
Рӯзи Конститутсия на танҳо таҷлили қабули санади олии ҳуқуқии мамлакат, балки рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносии давлатдорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои бунёдии ҷомеаи тоҷик мебошад. Ин санаи фархунда дар қатори муҳимтарин ҷашнҳои миллию давлатӣ ҷойгоҳи хос дошта, барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон азизу гиромӣ аст.
Зеро Конститутсия дар баробари Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Парчам ва Забони давлатӣ аз ҷумлаи арзишҳои муқаддасе мебошад, ки ҳувияти миллӣ, ягонагии ҷомеа ва пойдории давлатдории тоҷиконро таҷассум менамояд. Эҳтиром ба меъёрҳои Конститутсия ва риояи талаботи он масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар буда, татбиқи пайгиронаи муқаррароти он омили муҳими таҳкими қонуният, адолат ва рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати созанда ва дурбинонаи роҳбарияти олии давлат ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва ҷонибдори ҳамкориҳои судманд мавқеи арзандаи худро мустаҳкам намудааст. Тоҷикистон бо пешниҳоди ташаббусҳои муҳимми ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои мубрами замони муосир, аз ҷумла таъмини амнияту субот, истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ, ҳифзи муҳити зист ва муқовимат ба тағйирёбии иқлим саҳми назаррас мегузорад.
Маҳз арзишҳои волои инсондӯстӣ, принсипҳои адолат ва меъёрҳои демократие, ки дар Конститутсияи кишвар таҷассум ёфтаанд, барои пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон заминаи боэътимод фароҳам овардаанд. Ин ҳама бозгӯи иродаи устувори халқи тоҷик дар роҳи бунёди ҷомеаи пешрафта, таҳкими муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҷаҳон ва таъмини ояндаи босуботу нек мебошад.
Конститутсия таҷассумгари ормонҳои миллӣ, иродаи мардум ва арзишҳои давлатдории мустақил буда, ҳамчун роҳнамои ҳуқуқии ҷомеа барои наслҳои имрӯзу оянда хизмат мекунад. Ҳифзи арзишҳои он, эҳтиром ба қонун ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.
Бо истифода аз фурсати муносиб, тамоми кормандони соҳа, ҳамватанони азиз ва дар симои онҳо кулли мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба муносибати 32-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Ба ҳар як хонадони тоҷик файзу баракат, саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори ободу осуда, ба мардуми шарифи кишвар ваҳдати пойдор, ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона ва пешрафту шукуфоии боз ҳам бештар орзу менамоям.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!