12–16 октябри соли 2026 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ду семинари минтақавӣ оид ба ҳифз ва истифодаи устувори захираҳои генетикии ҷангал, идоракунии ҷангал бо дарназардошти тағйирёбии иқлим, инчунин нақши ҷангалҳо ва маҳсулоти ғайричӯбии ҷангал дар таҳкими амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори деҳот баргузор мегарданд.
Дар семинарҳо директори КВД «Маркази таҳия ва амалишавии лоиҳаҳо»-и Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизов Ҳабибулло Азамҷонович ва сармутахассиси корхонаи мазкур Неъматов Махсудшо Ғайратович иштирок доранд.
Дар доираи семинарҳо инчунин маҳсулоти ғайричӯбии ҷангалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла чормағзҳо ва меваҷоти худрӯйи ҷангалии коркард ва бандубастшуда, ба намоиш гузошта шуданд.
Семинарҳо ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, мубодилаи таҷриба ва дониш дар самти идоракунии устувори ҷангал, ҳифзи захираҳои генетикии ҷангал ва истифодаи оқилонаи маҳсулоти ғайричӯбии ҷангал ҷиҳати таҳкими амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори деҳот равона гардидаанд.м