Ҳамватанони азиз!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти хоса ҳамаи Шумо, ҳамкорони гиромӣ ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати яке аз санаҳои муҳими таърихи давлатдории навини тоҷикон — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16-уми ноябр таҷлил мегардад, самимона табрику муборакбод менамоям.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар рамзи арҷгузорӣ ба давлатдории миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва қадршиносии хизматҳои таърихӣ дар роҳи барқарорсозии сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Дар ҳақиқат, дар таърихи навини давлатдории тоҷикон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи якпорчагии кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат басо муҳим арзёбӣ мегардад.
Маҳз дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихи давлатдории навини тоҷикон, ки кишвар ба мушкилоти шадиди сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардида буд, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ заминаи муҳим гузошт. 16-уми ноябри соли 1994 бошад, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуда, масъулияти роҳбарии давлатро бар дӯш гирифтанд.
Имрӯз бо гузашти солҳо Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум қадамҳои устувор мегузорад. Амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии миллӣ, бунёди иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ, рушди инфрасохтор, энергетика, саноат ва кишоварзӣ барои пешрафти минбаъдаи мамлакат заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар баробари ин, масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, барқарорсозии экосистемаҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар сиёсати давлатӣ мавқеи муҳим доранд. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳифзи об, пиряхҳо ва захираҳои табиӣ бори дигар масъулияти кишвари моро дар ҳалли масъалаҳои муҳими экологӣ дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ нишон медиҳанд.
Дар ин замина, соҳаи хоҷагии ҷангал ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди устувори кишвар дорои аҳаммияти хос мебошад. Ҷангал сарвати бебаҳои табиат, манбаи нигоҳдории гуногунии биологӣ, танзимкунандаи иқлим, ҳифзкунандаи хок аз эрозия ва омили муҳими нигоҳдории мувозинати экологӣ ба шумор меравад.
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати давлатии соҳа ва дастуру супоришҳои роҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ба ҳифзу нигоҳдории фонди давлатии ҷангал, барқарорсозии ҷангалзорҳо, васеъ намудани майдони ниҳолшинонӣ, парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ, пешгирии буриши ғайриқонунии дарахтон, ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ равона намудааст.
Мо хуб дарк менамоем, ки ҳифзи ҷангал ва сарватҳои табиӣ танҳо вазифаи як ниҳод набуда, балки масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин рӯ, кормандони соҳаи хоҷагии ҷангалро зарур аст, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба Ватан ва меҳнати софдилона дар самти афзун намудани майдони ҷангалзорҳо, сабзу хуррам гардонидани сарзамини кишвар ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани табиати солиму зебо саҳми арзандаи худро гузоранд.
Боварии комил дорем, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои пайвастаи кормандони соҳа дар оянда низ барои рушди хоҷагии ҷангал, беҳтар намудани ҳолати экологӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ ва татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.
Дар ин рӯзи фархунда ба Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом, умри пурбаракат ва дар татбиқи ҳадафҳои созанда баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоям.
Ҳамчунин, ба ҳамаи кормандони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкасбони гиромӣ ва тамоми мардуми шарифи кишвар сиҳатмандии комил, рӯзгори обод, файзу баракат, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти меҳнатӣ комёбиҳои беназир таманно дорам.
Бигзор дар Тоҷикистони азизи мо ҳамеша сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, сарсабзиву ободӣ ва зиндагии осуда пойдор бошад. Бигзор сарзамини биҳиштосои мо ҳамеша сабзу хуррам ва ҷангалзори он боз ҳам густариш ёбад!
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод, ҳамватанони азиз!
Зинда бод Тоҷикистони соҳибистиқлол!