

6 ноябри 2026ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЮСУФЗОДА АБДУҶАББОР ҒАЙРАТШОҲ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамватанони азиз!
Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва заминаи асосии низоми давлатдорӣ дар таърихи ҳар як миллат нақши сарнавиштсоз дорад. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ буда, дар ташаккул ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳифаи тозаеро боз намуд.
6 ноябри соли 1994 марҳалаи муҳими таърихи навини Тоҷикистон оғоз гардид. Бо қабули Конститутсия асосҳои ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян гардида, барои пешрафти минбаъдаи тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар заминаи устувор фароҳам оварда шуданд. Ин санади тақдирсоз роҳи рушди давлатро муайян намуда, барои таҳкими суботу оромӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва татбиқи ҳадафҳои созандаи миллӣ шароити мусоид муҳайё сохт.
Рӯзи Конститутсия на танҳо таҷлили қабули санади олии ҳуқуқии мамлакат, балки рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносии давлатдорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои бунёдии ҷомеаи тоҷик мебошад. Ин санаи фархунда дар қатори муҳимтарин ҷашнҳои миллию давлатӣ ҷойгоҳи хос дошта, барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон азизу гиромӣ аст.