7-уми ноябри соли 2026 директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ бо намояндагони Бонки Рушди Олмон (KfW), Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, ташкилоти GFA ва Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани рушди устувори деҳот тавассути истифодаи мутобиқшудаи замин ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, масъалаҳои таъмини хоҷагиҳои ҷангал бо техника ва таҷҳизоти зарурӣ, барқарорсозии ниҳолхонаҳо, таъмини ниҳолҳои босифат ва бунёду барқарорсозии ҷангал дар минтақаҳои фарогири лоиҳа баррасӣ гардиданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамоҳангсозӣ ва идомаи ҳамкориҳои судманд барои татбиқи босифат ва саривақтии чорабиниҳои лоиҳа изҳор намуданд.