14–15 октябри соли 2026 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин семинари минтақавӣ оид ба банақшагирии стратегии хоҷагии ҷангал дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор гардид. Дар чорабинӣ директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ иштирок намуд.
Дар доираи чорабинӣ мулоқоти расмӣ бо директори иҷроияи Шабакаи Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба идоракунии устувор ва барқарорсозии ҷангалҳо (APFNet) Ван Чунфэн (Wang Chunfeng) баргузор гардид. Дар мулоқот лоиҳаи «Барқарорсозии экосистемаҳои ҷангалҳои паҳнбарг бо ҷалби ҷамоатҳои маҳаллӣ ва ҷорӣ намудани идоракунии муштараки ҷангал дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Қаратоғ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар семинар масъалаҳои пешрафт, мушкилот ва дурнамои банақшагирии миллии хоҷагии ҷангал, инчунин таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва мубодилаи таҷриба баррасӣ гардиданд.