Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ аз рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, ки дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея бунёд…
Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ аз рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, ки дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея бунёд мегардад, боздид ба амал овард.
Зимни боздид рафти корҳои анҷомдодашуда ва ҷараёни татбиқи марҳилаҳои минбаъдаи сохтмони иншоот мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Боғи мазкур бо мақсади васеъ намудани фазои сабз дар пойтахт, фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳату фароғат барои сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея бунёд мегардад.
Дар доираи корҳои сохтмонӣ бунёди роҳравҳо, шабакаи обёрӣ, майдонҳои сабз ва дигар инфрасохтори зарурӣ пешбинӣ гардида, истифодаи технологияҳои муосир ва усулҳои самараноки нигоҳдории фазои сабз ба назар гирифта шудааст.
Директори Агентӣ зимни боздид ба масъалаҳои сифати корҳои иҷрошаванда, риояи талаботи муқарраргардида ва пешбурди минбаъдаи корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ идомаи ҳамкориҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар соҳаи хоҷагии ҷангал буда, барои рушди фазои сабз ва ободонии шаҳри Душанбе заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.