Имзои Ёддошти тафоҳум байни Тоҷикистон ва Корея дар самти ҷангал ва иқлим
Пас аз анҷоми форум, 14 сентябр вохӯрӣ бо вазири Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи хоҷагии ҷангал, истифодаи технологияҳои муосир, барқарорсозии ҷангал ва…
Пас аз анҷоми форум, 14 сентябр вохӯрӣ бо вазири Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи хоҷагии ҷангал, истифодаи технологияҳои муосир, барқарорсозии ҷангал ва муқовимат ба таъсири тағйирёбии иқлимро баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ ва маълумоти муосири моҳворавӣ метавонад дар баланд бардоштани самаранокии мониторинги ҳолати ҷангалҳо, муайян намудани минтақаҳои осебпазир ва банақшагирии тадбирҳои барқарорсозии ҷангал нақши муҳим дошта бошад.
Дар натиҷаи мулоқот байни Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти барқарорсозии рақамии ҷангал ва иқдомҳои иқлимӣ ба имзо расонида шуд.
Ёддошти тафоҳум густариши ҳамкориҳоро дар самтҳои мониторинги ҷангал бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, маълумоти моҳворавӣ ва усулҳои зондкунии фосилавӣ, барқарорсозии ҷангал, ҳифзи гуногунии биологӣ, идоракунии хавфҳои офатҳои вобаста ба ҷангал ва муқовимат ба тағйирёбии иқлим дар назар дорад.
Бояд гуфт, ки имзои санади мазкур қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар соҳаи хоҷагии ҷангал ба шумор рафта, барои ҷалби таҷрибаи пешрафта, истифодаи технологияҳои муосир ва татбиқи иқдомҳои муштарак дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳои ҷангалӣ замина фароҳам меорад.
Ёдорвар мешавем, ки форум бо ташаббуси Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея дар ҳамкорӣ бо Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди биёбоншавӣ (UNCCD) ва Созмони ҳамкориҳои ҷангали Осиё (AFoCO) баргузор шуда, ба баррасии масъалаҳои мубрами соҳаи ҷангал, аз ҷумла барқарорсозии ҷангал, пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим, ҳифзи экосистемаҳо, истифодаи технологияҳои муосир ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ бахшида шуд.