14 сентябр дар Ҷумҳурии Корея «Форуми сатҳи баланд оид ба ҷангал ва иқлим байни Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Дар форум ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, директори Агентии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон…
14 сентябр дар Ҷумҳурии Корея «Форуми сатҳи баланд оид ба ҷангал ва иқлим байни Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Дар форум ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, директори Агентии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ бо намояндагони Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни форум масъалаҳои марбут ба идоракунии устувори захираҳои ҷангал, истифодаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ ва усулҳои муосири мониторинги ҷангал, инчунин таҳкими иқдомҳои муштарак барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.