Боздиди директори Агентии хоҷагии ҷангал аз плантатсияи павловния дар мавзеъи Лучоб
12 сентябри соли 2026 дар мавзеъи таллу теппаҳои Лучоби шаҳри Душанбе директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти нашъунамои плантатсияи павловния боздид ба амал овард. Моҳи январи соли 2026 дар нишебиҳои мавзеъи…
12 сентябри соли 2026 дар мавзеъи таллу теппаҳои Лучоби шаҳри Душанбе директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти нашъунамои плантатсияи павловния боздид ба амал овард.
Моҳи январи соли 2026 дар нишебиҳои мавзеъи мазкур 2100 бех ниҳоли яксолаи павловния бо сохтани хатти террас (зинаҳо) шинонида шуда, бо низоми обёрии қатрагӣ таъмин карда шудааст.
Ҳолати нашъунамои ниҳолҳо хуб буда, баландии онҳо аз 1 то 2,5 метр расидааст. Айни замон ниҳолҳои калони аз 2 метр боло навдаҳои паҳлуӣ бароварда истодаанд, ки дар шароити замини мазкур нишондиҳандаи хуби нашъунамои онҳо ба ҳисоб меравад.