Баланд бардоштани малакаи мутахассисони соҳаи ҷангал
Аз 15 сентябр то 2 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар доираи амалисозии лоиҳаи «Барқарорсозии устувори ландшафтҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, барои кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал машғулиятҳои…
Дар машғулиятҳои омӯзиши мазкур асосан кормандони дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангал ва Корхонаи воҳиди давлатии «Гурӯҳи ҷангалсозии Тоҷик» иштирок менамоянд.
Мақсади асосии машғулиятҳои омӯзишӣ ин баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи мутахассисон дар самти инвентаризатсияи (Баҳисобгирии) ҷангалҳо, таҳияи Нақшаи идоракунии хоҷагиҳои ҷангал, харитасозии ҷангалҳо, такмили усулҳои ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот оид ба захираҳои ҷангал мебошад.