Боздиди корӣ ва натиҷаҳои умедбахши плантатсияи павловния
12 сентябри соли 2026 дар доираи боздиди кории директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати нашъунамои плантатсияи павловния мавриди омӯзиш қарор гирифт. Дар майдони 3,0 гектар замини обёришаванда дар даҳаи сеюми моҳи…
Дар майдони 3,0 гектар замини обёришаванда дар даҳаи сеюми моҳи апрели соли 2026 3200 бех ниҳоли яксолаи павловния ҳамчун плантатсия шинонида шудааст.
Ҳангоми боздид муайян гардид, ки ниҳолҳо бо суръати хуб рушд намуда, қисми зиёди онҳо аллакай ба баландии то 4 метр расидаанд. Ҳолати нашъунамои плантатсия хуб арзёбӣ гардида, рушди фаъоли ниҳолҳо идома дорад.