Павловния: мутобиқшавӣ ва нашъунамои устувор
Идома бахшидани боздиди кории 12 сентябри соли 2026 имкон дод, ки ҳолати рушди плантатсияи дигари павловния низ мавриди омӯзиш қарор гирад. Дар майдони 2,5 гектар аз 29 май то 10 июни соли 2026 дар маҷмӯъ 2530 бех ниҳоли павловния шинонида шудааст.…
Дар майдони 2,5 гектар аз 29 май то 10 июни соли 2026 дар маҷмӯъ 2530 бех ниҳоли павловния шинонида шудааст.
Ниҳолҳо аз тухмӣ дар тубакчаҳо дар шароити гармхона парвариш ёфта, баъдан ба замини доимӣ кӯчонида шудаанд.
Айни ҳол баландии ниҳолҳо аз 0,5 то 2,0 метр расида, онҳо дар ҳолати хуби нашъунамои қарор доранд.
Натиҷаҳои бадастомада нишон медиҳанд, ки ниҳолҳои павловния мутобиқшавии хуб дошта, рушди онҳо бо суръати назаррас идома дорад.