Иқдоми нав дар роҳи табдили Душанбе ба шаҳри сабз
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи ҳадафҳои муҳими рушди шаҳри Душанбе ва ташаккули муҳити сабзу солим дар пойтахт иқдоми навбатиро роҳандозӣ намуд. Дар ҳамкорӣ бо Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Душанбе сохтмони Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ оғоз гардид.
Бунёди боғ ба зиёд намудани фазои сабз, беҳтар намудани муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳату фароғат барои сокинону меҳмонони пойтахт мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон, он ҳамчун майдони муаррифии фарҳанг, анъана ва арзишҳои миллии Тоҷикистону Корея хизмат хоҳад намуд.
Иншоот дар яке аз минтақаҳои марказии пойтахт ҷойгир буда, дар марҳилаи аввали сохтмон корҳои заминсозӣ ва бунёди инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла роҳравҳо, шабакаи обёрӣ ва майдонҳои сабз амалӣ мегарданд.
Дар раванди бунёди боғ истифодаи технологияҳои муосири сабз пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, системаи обёрии қатрагӣ, равшанидиҳии каммасраф ва маводи аз ҷиҳати экологӣ безарар истифода хоҳанд шуд. Чунин тадбирҳо на танҳо ба сарфаи захираҳои обу неру, балки ба нигоҳдории устувори фазои сабз мусоидат мекунанд.
Иншооти мазкур барои сокинони пойтахт имкони истироҳати солим ва фароғати оилавиро фароҳам оварда, дар рушди фарҳанги истифодаи оқилонаи фазои сабз нақши муҳим хоҳад дошт. Аз ҷониби дигар, он метавонад ба яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил ёфта, барои рушди хизматрасониҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ заминаи мусоид фароҳам созад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тибқи нақша, то охири соли 2026 ба истифода дода мешавад. Татбиқи ин лоиҳа идомаи корҳои созанда ва ташаббусҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, бевосита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободонӣ, сабзкорӣ, ташаккули муҳити зисти солим ва ба шаҳри сабзу зебо табдил додани пойтахти кишвар мебошад.
Ин ташаббус на танҳо як лоиҳаи муҳими шаҳрсозию экологӣ, балки рамзи дӯстӣ ва густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ба шумор меравад. Дар оянда дар ҳудуди боғ баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарӣ ва барномаҳои муаррифии анъанаҳои миллӣ имконпазир хоҳад буд.
Ҳамин тавр, бунёди иншооти мазкур қадами дигар дар роҳи сабзтару зеботар гардидани пойтахт буда, ҳамзамон намунаи ҳамкории самарабахши байналмилалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва рушди фазои сабз мебошад.