Баргузории ҳашари дастаҷамъона
Субҳи имрӯз кормандони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шанбегии дастаҷамъона иштирок намуданд. Ин чорабинӣ ба муносибати ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ҳадафаш покизагии муҳити корӣ, ободонии атрофи бино ва афзун намудани фазои сабз мебошад.
Дар доираи шанбегӣ кормандон роҳравҳо ва ҳавлии бинои Агентиро аз партовҳо тоза намуда, гулҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои ороишӣ шинониданд. Ҳамчунин корҳои ободонӣ ва зебосозии дохили бино ба роҳ монда шуданд.
Ин иқдом на танҳо ба беҳтар шудани муҳити корӣ ва симои муассиса мусоидат мекунад, балки ҳамчун рамзи ваҳдат ва меҳнати созанда дар ҷомеа арзёбӣ гардида, ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва эҳтиром ба муҳити атроф равона шудааст.