eDavlat
Рамзҳои давлатӣ
TJ
TJ
RU
EN
Мақомоти давлатӣ
Боргирӣ…
Онлайн чат
Кушодани меню
TJ
TJ
RU
EN
🇹🇯🌲 Боздиди директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан
Саҳифаи асосӣ
More
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳо
🇹🇯🌲 Боздиди директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан
14 июни 2026
🇹🇯🌲 Боздиди директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан
Зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ аз фаъолияти Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан боздид намуданд. Дар ҷараёни боздид роҳбарияти…
Previous slide
Next slide
Зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ аз фаъолияти Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан боздид намуданд. Дар ҷараёни боздид роҳбарияти Агентӣ бо раванди парвариши ниҳолҳо, имкониятҳои истеҳсолӣ ва фаъолияти ниҳолхонаи хоҷагӣ дар самти парвариши дарахтону ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинос гардид.
Дар ниҳолхонаи хоҷагӣ намудҳои гуногуни дарахтону ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ парвариш карда мешаванд. Аз ҷумла, 4000 бех санавбар, 5900 бех туя, 2000 бех ардач, 600 бех ниҳолҳои дусолаи бодоми талх ва 480 бех дигар намудҳои ниҳолҳо парвариш карда мешаванд.
Муассисаи мазкур дар самти парвариши ниҳолҳои босифат ва зиёд намудани захираи дарахтону ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ саҳми муҳим дошта, барои зебогардонии муҳити атроф, рушди корҳои кабудизоркунӣ ва таъмини минтақаҳо бо ниҳолҳои мувофиқ мусоидат менамояд.
Боздиди роҳбарияти Агентӣ бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагӣ, дастгирии мутахассисон, баррасии имкониятҳои васеъ намудани истеҳсоли ниҳолҳо ва таҳкими ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ баргузор гардид. Чунин ташрифҳо барои рушди соҳаи ҷангалпарварӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хоҷагиҳои ҷангал аҳамияти муҳим доранд.
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон