30 апрели соли ҷорӣ вохӯрии намояндагони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки рушди Олмон (KfW) баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои…


30 апрели соли ҷорӣ вохӯрии намояндагони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки рушди Олмон (KfW) баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак, барқарорсозӣ ва ҳифзи ҷангалҳо, инчунин истифодаи устувори захираҳои табиӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷонибҳо ба зарурати суръат бахшидани амалисозии барнома, таъмини хоҷагиҳо бо техника ва таҷҳизот, инчунин роҳандозии чорабиниҳо ҷиҳати коҳиши таъсири омилҳои манфӣ, аз ҷумла чаронидани чорво дар ҷангалҳо таъкид намуданд.

Ҳамчунин масъалаҳои рушди ниҳолпарварӣ, таъсиси пажуишгоҳи тухмисанҷӣ ва такмили механизмҳои идоракунии молиявии лоиҳа баррасӣ гардиданд.

Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.