Ҷаласаи байналмилалӣ барои таҳлили раванди баҳисобгирии ҷангалҳо
🌲Санаи 6 апрели соли 2026 бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026 ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили раванди амалисозии чорабинии баҳисобгирии миллии ҷангалҳо ва…
🌲Санаи 6 апрели соли 2026 бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026 ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили раванди амалисозии чорабинии баҳисобгирии миллии ҷангалҳо ва таҳияи нақшаи идоракунии муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал бо иштироки коршиносони байналмилалӣ ва мутахассисони соҳаи хоҷагии ҷангал баргузор гардид.
🌲Бояд қайд намуд, ки чорабинии баҳисобгирии миллии ҷангалҳо дар доираи лоиҳаи «Барқарорсозии устувории ландшафтҳо дар Тоҷикистон», ки маблағгузори он Бонки Умумиҷаҳонӣ мебошад, амалӣ карда мешавад.