Бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026, кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Панҷакент дар ниҳолхонаи масоҳаташ 3 гектар корҳои муҳими агротехникӣ, аз ҷумла қаламчашинонӣ ва нармкунии заминро ба анҷом расонида истодаанд.