🌱 Иҷрои Барномаи рушди соҳаи ҷангал: ниҳолшинонӣ дар Файзобод
Ҷиҳати таъмини иҷрои банди 26 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №149 тасдиқ гардидааст, вобаста ба бунёди “минтақаҳои сабз” дар…
Ҷиҳати таъмини иҷрои банди 26 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №149 тасдиқ гардидааст, вобаста ба бунёди “минтақаҳои сабз” дар гирду атрофи шаҳри Душанбе, нуқтаҳои аҳолинишин ва шафати шоҳроҳҳои автомобилгард аз тарафи кормандони Муасиссаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Файзобод дар шафати шоҳроҳи Файзобод - Роғун ба миқдори умумии зиёда аз 200 бех ниҳолҳои дарахти санавбар шинонида шуд.