🌲 Тозакунии муҳити атрофи шоҳроҳи Рашт – Тоҷикобод
11 марти соли 2026 кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод корҳои тоза намудани дарахтони гирду атрофи шоҳроҳи Рашт – Тоҷикободро ба анҷом расониданд. Чорабинии мазкур дар доираи иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва татбиқи Барномаи…
11 марти соли 2026 кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод корҳои тоза намудани дарахтони гирду атрофи шоҳроҳи Рашт – Тоҷикободро ба анҷом расониданд.
Чорабинии мазкур дар доираи иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва татбиқи Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026 амалӣ гардида, ба беҳтар намудани ҳолати ҷангалзорҳои ҳудуди мазкур ва нигоҳдории тартиботи онҳо равона карда шудааст.
Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод минбаъд низ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои соҳавӣ ва татбиқи Барномаҳои давлатии соҳаи ҷангал чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.