Аз нақша то амал: ташкили минтақаҳои сабз дар шоҳроҳи Ваҳдат–Файзобод
Ҷиҳати таъмини иҷрои банди 26-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №149 тасдиқ гардидааст, вобаста ба бунёди “минтақаҳои сабз”…
![]()
Ҷиҳати таъмини иҷрои банди 26-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №149 тасдиқ гардидааст, вобаста ба бунёди “минтақаҳои сабз” дар гирду атрофи шаҳри Душанбе, нуқтаҳои аҳолинишин ва шафати шоҳроҳҳои автомобилгард, аз тарафи кормандони Муасиссаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Файзобод дар шоҳроҳи Ваҳдат-Файзобод ба миқдори 200 бех ниҳолҳои ороишию сояафкан ва ҳамешасабз шинонида шуд.