Ҷиҳати таъмини иҷрои банди 26-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №149 тасдиқ гардидааст, вобаста ба бунёди “минтақаҳои сабз” дар гирду атрофи шаҳри Душанбе, нуқтаҳои аҳолинишин ва шафати шоҳроҳҳои автомобилгард, аз тарафи кормандони Муасиссаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ тақрибан 300 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороишию сояафкан шинонида шуд.