900 қадам ба сӯи ояндаи сабз
Ҷиҳати таъмини иҷрои банди 26-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №149 тасдиқ гардидааст, вобаста ба бунёди “минтақаҳои сабз”…
Ҷиҳати таъмини иҷрои банди 26-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №149 тасдиқ гардидааст, вобаста ба бунёди “минтақаҳои сабз” дар гирду атрофи шаҳри Душанбе, нуқтаҳои аҳолинишин ва шафати шоҳроҳҳои автомобилгард, аз тарафи кормандони Муасиссаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Нуробод дар шоҳроҳи Роғун-Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳолҳои олуча ва айлант шинонида шуд.