Кормандони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати таърихию фарҳангӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд. Дар ҷараёни боздид онҳо аз толорҳои гуногун дидан намуда, бо…
Кормандони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати таърихию фарҳангӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Дар ҷараёни боздид онҳо аз толорҳои гуногун дидан намуда, бо намунаҳои нодири таърихӣ, осори фарҳангӣ ва дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд. Ба иштирокчиён оид ба марҳилаҳои гуногуни ташаккули таърихи халқи тоҷик, фарҳанги миллӣ ва аҳамияти осорхона дар ҳифз ва муаррифии мероси миллӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Зимни шиносоӣ таъкид шуд, ки осорхона ҳамчун маркази муҳими илмӣ ва фарҳангӣ дар таҳкими худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва тарбияи насли ҷавон нақши муассир дорад.
Бояд зикр намуд, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон соли 2013 дар шаҳри Душанбе дар бинои нави муосир ифтитоҳ гардида, дорои зиёда аз 50 толор мебошад. Дар онҳо таърихи қадим, асрҳои миёна, этнография, табиат ва санъати тоҷик ба намоиш гузошта шудаанд.
Ин боздид ба кормандон имконият фароҳам овард, ки дониши худро дар бораи таърихи чандҳазорсолаи миллат ғанӣ гардонанд ва ҳисси масъулияту эҳтиромро нисбат ба мероси миллӣ боз ҳам тақвият бахшанд.