Ба муносибати Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм фароҳам меорад, дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали «Ромит»-и шаҳри Ваҳдат чорабинии фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки роҳбарияти…

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм фароҳам меорад, дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали «Ромит»-и шаҳри Ваҳдат чорабинии фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо иштироки роҳбарияти муассиса доир шуда, ба масъалаҳои мубрами пешгирии ифротгароӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқию сиёсӣ бахшида шуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ мафҳуми экстремизм, сабабҳои пайдоиш ва оқибатҳои хавфноки он ба таври муфассал ба иштирокчиён шарҳ дода шуд. Таъкид гардид, ки экстремизми хушунатомез яке аз омилҳои ҷиддии таҳдид ба амнияту суботи ҷомеа ба шумор меравад.

Зимни чорабинӣ зикр шуд, ки гурӯҳҳои ифротӣ бештар ҷавононро ҳадаф қарор дода, кӯшиш мекунанд тавассути роҳҳои гуногун онҳоро ба фаъолияти ғайриқонунӣ ҷалб намоянд. Дар ин замина, роҳҳои пешгирии ҷалбшавӣ ба чунин гурӯҳҳо, инчунин нақши муҳим ва калидии оила дар тарбияи дурусти фарзандон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба падару модарон вобаста ба назорати рафтори фарзандон, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва аҳамияти муҳити иҷтимоии дӯстони онҳо маълумоти муфид пешниҳод гардид. Ҳамзамон, зарурати эҳтиром ба қонун, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа ҳамчун омили асосии муқовимат ба экстремизм таъкид карда шуд.

Иштирокчиён дар фазои озоду созанда фаъолона саволҳо пешниҳод намуда, фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро баён карданд. Чорабинӣ дар муҳити тарбиявӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, барои иштирокчиён дорои аҳамияти амалӣ буд.

Дар анҷом хулоса карда шуд, ки пешгирии экстремизм вазифаи умумии ҷомеа буда, саҳми ҳар як шаҳрванди огоҳ дар таъмини сулҳу субот муҳим арзёбӣ мегардад. Таъкид шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии аҳолӣ нақши муҳим доранд.

Чорабинӣ мутобиқи нақша ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.