БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА «НАТИҶАҲОИ ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2025»
Тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ки аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2025 тасдиқ шудааст, санаи 4-уми феврали соли 2026 дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи рӯзноманигорон ва хабарнигорони васоити ахбори омма (ВАО) доир гардид.
Дар нишасти матбуотии Агентии хоҷагии ҷангал намояндаи Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Самиев Алишер иштирок намуд.
Директори Агентии хоҷагии ҷангал Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ нишасти матбуотиро ифтитоҳ бахшида, оид ба фаъолияти Агентӣ дар соли 2025 маълумот доданд. Зимни суханронӣ маълумоти мухтасар оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои низоми он дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли ҷадид манзур карда шуд.
Сипас, аз ҷониби рӯзноманигорон дар мавзӯъҳои мухталиф вобаста ба соҳаи хоҷагии ҷангал ва таъсири раванди тағйирёбии иқлим, барномаҳои рушди соҳаи ҷангал, рушди парвариши павловния, кабудизоркунии шафати роҳҳои аҳамияти байналмилалидошта, саволҳо пешниҳод гардиданд, ки ба онҳо аз ҷониби роҳбарият ва мутахассисони соҳа посухҳои мукаммал дода шуданд.