Бо мақсади пешгирӣ намудани талафоти олами ҳайвонот ва парандагон аз сардиҳои зимистон, аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Сангвор дар чор минтақаи ҷангалпарварӣ аз қабили Тавилдара, Чилдара, Миёнаду ва Сайёд корҳои…

Бо мақсади пешгирӣ намудани талафоти олами ҳайвонот ва парандагон аз сардиҳои зимистон, аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Сангвор дар чор минтақаи ҷангалпарварӣ аз қабили Тавилдара, Чилдара, Миёнаду ва Сайёд корҳои биотехникӣ гузаронида шуданд.

Дар ҷараёни ин чорабиниҳо ҷиҳати таъмин намудани ғизои ҳайвонот ва парандагон, дар мавзеъҳои махсуси ҳайвонгузар ва ҷойҳои сукунати парандагон зиёда аз 300кг гандум, 250кг кунҷора, 500кг қоқи себ, 200кг олуча, 500 кг коҳ ва ғайра ҷойгир ва пошида шуд.