Дар ноҳияи Файзобод корҳои биотехникӣ барои ҳифзи ҳайвонот ва парандагон гузаронида шуданд
Бо мақсади пешгирӣ намудани талафоти олами ҳайвонот ва парандагон аз сардиҳои зимистон, дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Файзобод корҳои биотехникӣ амалӣ гардиданд. Дар ҷараёни ин чорабиниҳо, барои таъмин намудани ғизои ҳайвонот ва…
Бо мақсади пешгирӣ намудани талафоти олами ҳайвонот ва парандагон аз сардиҳои зимистон, дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Файзобод корҳои биотехникӣ амалӣ гардиданд.
Дар ҷараёни ин чорабиниҳо, барои таъмин намудани ғизои ҳайвонот ва парандагон дар мавзеъҳои махсуси ҳайвонгузар ва ҷойҳои сукунати парандагон, дар маҷмӯъ зиёда аз 200 килограмм гандум, 50 килограмм олучаи хушк, 100 килограмм себи хушк ва 300 килограмм хошок пошида шуд.
Чунин иқдомҳо ҳамасола дар фасли зимистон роҳандозӣ мегарданд ва ҳадаф аз он дастгирии олами ҳайвонот ва парандагон дар шароити сахти иқлимӣ мебошад. Ин чорабиниҳо ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва нигоҳдории тавозуни экологии минтақа аҳамияти муҳим доранд.