Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Айнӣ
Бо мақсади пешгирӣ намудани талафоти олами ҳайвонот ва парандагон аз сардиҳои зимистон, дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ корҳои биотехникӣ амалӣ гардиданд. Дар ҷараёни ин чорабиниҳо, барои таъмин намудани ғизои ҳайвонот ва…
Бо мақсади пешгирӣ намудани талафоти олами ҳайвонот ва парандагон аз сардиҳои зимистон, дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ корҳои биотехникӣ амалӣ гардиданд.
Дар ҷараёни ин чорабиниҳо, барои таъмин намудани ғизои ҳайвонот ва парандагон дар мавзеъҳои махсуси ҳайвонгузар ва ҷойҳои сукунати парандагон ҷав, гандум, кунҷора, намак ва хошок ҷойгир ва пошида шуд.
Ин иқдомҳо ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва нигоҳдории тавозуни экологии минтақа мусоидат менамоянд.