Корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Ванҷ
Бо мақсади пешгирӣ намудани талафоти олами ҳайвонот ва парандагон аз сардиҳои зимистон, дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Ванҷ корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ҷараёни ин чорабиниҳо ҷиҳати таъмин намудани ғизои ҳайвонот ва…
Бо мақсади пешгирӣ намудани талафоти олами ҳайвонот ва парандагон аз сардиҳои зимистон, дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Ванҷ корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ҷараёни ин чорабиниҳо ҷиҳати таъмин намудани ғизои ҳайвонот ва парандагон, дар мавзеъҳои махсуси ҳайвонгузар ва ҷойҳои сукунати парандагон, дар маҷмӯъ зиёда аз 350 килограмм гандум, 100 олучаи хушк, 200 килограмм себи хушк ва 200 килограмм алаф ҷойгир ва пошида шуд.