Дар доираи Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026, бо мақсади пешгирӣ намудани талафоти олами ҳайвонот ва парандагон аз сардиҳои зимистон, дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Ҳомидҷон Сармусоқови ноҳияи Ашт корҳои биотехникӣ…

Дар доираи Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026, бо мақсади пешгирӣ намудани талафоти олами ҳайвонот ва парандагон аз сардиҳои зимистон, дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Ҳомидҷон Сармусоқови ноҳияи Ашт корҳои биотехникӣ гузаронида шуданд.

Дар ҷараёни ин чорабиниҳо ҷиҳати таъмин намудани ғизои ҳайвонот ва парандагон, дар мавзеъҳои махсуси ҳайвонгузар ва ҷойҳои сукунати парандагон, дар маҷмӯъ зиёда аз 2,5 тонна хошок, ҷав, шолӣ, гандум ва намак ҷойгир ва пошида шуд.