Гузаронидани корҳои биотехникӣ
Дар доираи Барномаи рушди хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026, бо мақсади пешгирӣ намудани талафоти олами ҳайвонот ва парандагон дар мавсими сармо, аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт корҳои…
Дар доираи Барномаи рушди хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026, бо мақсади пешгирӣ намудани талафоти олами ҳайвонот ва парандагон дар мавсими сармо, аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт корҳои биотехникӣ гузаронида шуданд.
Дар ҷараёни ин чорабиниҳо, дар мавзеъҳои махсус муайяншуда зиёда аз 500 килограмм намудҳои гуногуни хӯрокворӣ, аз ҷумла картошка, гандум, ҷуворимакка, кунҷора, себи хушк, хуч, коҳ ва дигар намуди маҳсулотҳо барои таъмини ғизои зимистонаи ҳайвонот ва парандагон ҷойгир карда шуд.