Барқароркунии ҷангалҳои таназзулёфта
Дар давоми ҳафтаи сипаригашта Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корҳои ба нақша гирифташудаи соҳавиро ба анҷом расонд. Ҷиҳати иҷрои банди 23 “Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026” оид ба барқароркунии…
Дар давоми ҳафтаи сипаригашта Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корҳои ба нақша гирифташудаи соҳавиро ба анҷом расонд. Ҷиҳати иҷрои банди 23 “Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026” оид ба барқароркунии ҷангалҳои таназзулёфта дар масоҳати 4 гектар корҳои барқарорсозии ҷангал дар қитъаҳои марбут ба хоҷагӣ амалӣ гардиданд.
Ҳамзамон, корҳои нарм кардани бехи дарахтон ба роҳ монда шуданд. Дар ҷараёни корҳои саҳроӣ зиёда аз 350 бех ниҳоли зардолу шинонида шуд.