Кишти тухмии дарахтони мевадиҳанда
Дар ҳафтаи сипаригашта Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корҳои банақшагирифташудаи соҳавиро ба анҷом расонд. Дар доираи "Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026" дар қитъаҳои марбут ба хоҷагӣ дар масоҳати…
Дар ҳафтаи сипаригашта Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корҳои банақшагирифташудаи соҳавиро ба анҷом расонд. Дар доираи "Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026" дар қитъаҳои марбут ба хоҷагӣ дар масоҳати 0,45 гектар кишти тухмӣ гузаронида шуд.
Дар ҷараёни кишт тухмии дарахтони зардолу, бодоми талхак, чормағз, ақоқиё ва булут истифода гардида, ҳаҷми умумии тухмӣ тақрибан 140 килограммро ташкил дод.