Бунёди ниҳолхонаҳои хурд
Бо мақсади ташкил ва бунёди ниҳолхонаҳои хурд, дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт дар масоҳати тақрибан 1 гектар беш аз 30 ҳазор бех ниҳолҳои зардолу, шафтолу, ақоқиё ва дигар намудҳои дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан шинонида…
Бо мақсади ташкил ва бунёди ниҳолхонаҳои хурд, дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт дар масоҳати тақрибан 1 гектар беш аз 30 ҳазор бех ниҳолҳои зардолу, шафтолу, ақоқиё ва дигар намудҳои дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан шинонида шуданд.
Татбиқи ин иқдом ба зиёд гардидани захираи ниҳолҳои баландсифат, таъмини хоҷагиҳои ҷангал бо маводи ниҳолпарварӣ, беҳтар намудани ҳолати экологии минтақа мусоидат мекунад. Ҳамзамон, барои нигоҳдорӣ ва обёрии ин ниҳолхона корҳои зарурӣ аз ҷониби мутахассисон ба таври мунтазам ба роҳ монда шудаанд.