Бо мақсади бунёду барқароркунии заминҳои фонди давлатии ҷангали Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳритус дар майдони 5 гектар корҳои ниҳолшинонӣ ба роҳ монда шуда, тақрибан 1000 бех санҷид, 1000 бех сада ва 1000 бех сафедор шинонида шуд.
Ин иқдом барои беҳтар намудани вазъи экологии минтақа, пешгирии эрозияи хок пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон, барои таъмини мӯътадилии нашъунамои ниҳолҳо корҳои нигоҳдорӣ, обёрӣ ва мониторинги доимӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа ба нақша гирифта шудаанд.