Гузаронидани корҳои биотехникӣ
Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳайвоноти ваҳшӣ аз талафот дар мавсими сармо кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан корҳои биотехникӣ гузаронданд. Дар доираи ин чорабинӣ, бо ҳадафи таъмин намудани ғизои зимистонаи онҳо, зиёда аз…
Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳайвоноти ваҳшӣ аз талафот дар мавсими сармо кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан корҳои биотехникӣ гузаронданд.
Дар доираи ин чорабинӣ, бо ҳадафи таъмин намудани ғизои зимистонаи онҳо, зиёда аз 100 килограмм картошка, ғалладонаи резаву ҷав ва намак истифода шуд. Иловатан, беш аз 10 адад пресс низ дар мавзеъҳои муайян ҷойгир карда шуд.
Ҳамзамон, барои беҳтар намудани шароити муҳити зисти ҳайвонот, тоза намудани роҳҳои кӯчиш, барқарорсозии нуқтаҳои обнӯшӣ ва назорату мониторинги доимӣ аз ҷониби мутахассисон ба роҳ монда шуд. Ин тадбирҳо имконият медиҳанд, ки ҳайвоноти ваҳшӣ зимистонгузаронии осонтар дошта, захираҳои табиии минтақаро ҳифз намоянд.