Бунёди ниҳолхона дар хоҷагии ҷангали шаҳри Панҷакент
Баҳри таъмини иҷрои банди 13-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №149 тасдиқ гардидааст, вобаста ба парвариш намудани ниҳолҳои…
Баҳри таъмини иҷрои банди 13-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №149 тасдиқ гардидааст, вобаста ба парвариш намудани ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ҷангалташкилдиҳанда бунёди ниҳолхонаи хурд дар масоҳати 0,15 га оғоз гардида, тухмиҳои чормағз, шафтолу, хуч ва зардолу кишт карда шуд. Чорабинии мазкур дар минтақаи ҷангалпарварии Колхозчиёни Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Панҷакент анҷом дода шуда, дар дигар минтақаҳои ҷангалпарварӣ низ бунёд намудани ниҳолхонаҳои хурд пешбинӣ гардидааст.