Корҳои ободу сабзгардонӣ
Имрӯзҳо, аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои системаи он ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои Нақшаи амали Барномаи рушди парвариши Павловния барои солҳои 2024-2028 ва Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 корҳои ободу сабзгардонӣ ба роҳ монда мешаванд.
Бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани таллу теппаҳои атрофи шаҳри Душанбе дар мавзеи Лучоб пешбурди корҳои кабудизоркунӣ идома доранд.
Дар чорабинии имрӯза зиёда аз 50 нафар кормандони дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангал ва муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал иштирок намуда, дар маҷмӯъ зиёда аз 5000 бех ниҳол, аз ҷумла 2500 бех ниҳолҳои павловния ва 2500 бех ниҳолҳои дарахту буттаҳои ҳамешасабз дар майдони 3 гектар қитъаи замин шинонида шуданд.
Бояд қайд намуд, ки корҳои кабудизоркунӣ бо истифода аз технологияи муосири обёрии қатрагӣ амалӣ карда мешаванд, ки дар шароити тағйирёбии иқлим барои таъмини сабзиши минбаъдаи ниҳолҳо хеле муҳим мебошад. Инчунин тибқи нақшаи Агентии хоҷагии ҷангал барои соли 2025 шинонидани 150 ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда, айни ҳол 107 ҳазор бех ниҳол шинонида шудааст.
Агентии хоҷагии ҷангал минбаъд низ корҳои кабудизоркуниро, ки барои ташаккули муҳити зисти солим нақши муҳим доранд ва яке аз вазифаҳои асосии Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 мебошад, дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа амалӣ менамояд.