Вохурӣ бо намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин
Барои иҷрои ҳамаҷонибаи созишномаҳои муҳим байни Тоҷикистону Чин дар вохуриҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба амаломада, вохурии ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии директори Дафтари корҳои хориҷии ноҳияи мухтори Нинся-Хуэй ва раиси Ассотсиатсияи дӯстии халқҳои Нинся бо кишварҳои хориҷӣ хонум Бай Юйчжен бо директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Абдуҷаббор мулоқот баргузор гардид. Масъалаҳо вобаста ба рушди ноҳияи мухтори Нинся-Хуэй ва ҷараёни таъсиси Маркази ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ нисбат ба пешгирӣ ва мубориза бо биёбоншавӣ, гузаронидани машваратҳои амиқ оид ба масъалаҳои мушаххаси таъсиси Марказ ва нақшаи корӣ барои соли 2026, инчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои саноатӣ ва таъсиси робитаҳои бародарӣ байни минтақаҳо муҳокима гардид.