Иштироки намояндагони Агентии хоҷагии ҷангал дар роҳпаймоӣ бахшида ба Рӯзи Парчами Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии хоҷагии ҷангал назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки намояндагони худро дар паради идона, ки ба Рӯзи Парчами Миллӣ бахшида шуда буд, ифтихори бузург меҳисобад ва мардуми кишварро бо ин иди хештаншиносии миллӣ самимона табрик менамояд.…
Агентии хоҷагии ҷангал назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки намояндагони худро дар паради идона, ки ба Рӯзи Парчами Миллӣ бахшида шуда буд, ифтихори бузург меҳисобад ва мардуми кишварро бо ин иди хештаншиносии миллӣ самимона табрик менамояд.
Рӯзи Парчами Миллӣ ҳамчун яке аз рамзҳои муҳими давлатдорӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мақоми хоса дорад. Парчам рамзи шараф, ифтихор ва муаррифгари таъриху тамаддуни ғании миллати тоҷик буда, таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми устувор ва эҳтироми баланд пайдо кардааст.
Бо сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, маънавияти миллӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва ифтихори шаҳрвандӣ дар ҷомеа боз ҳам таҳким меёбад. Парчами давлатии Тоҷикистон имрӯз на танҳо нишонаи истиқлолу ваҳдати миллӣ, балки рамзи рушд, субот ва ҷонибдорӣ аз арзишҳои давлатдорӣ мебошад.
Ба ифтихори ин рӯзи муҳим тамоми шаҳрвандони кишварро ба эҳтироми рамзҳои давлатӣ, посдории арзишҳои миллӣ ва муттаҳидӣ даъват намуда, изҳори боварӣ менамоем, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушду шукуфоӣ ба муваффақиятҳои нав ноил мегардад.
Бо камоли эҳтиром тамоми мардуми кишварро бо Рӯзи Парчами Миллӣ табрик гуфта, барояшон сулҳ, саодатмандӣ ва рушди устувор орзу менамоем.