Ҷараёни амалисозии лоиҳаи «Бунёди ҷангал ва агроҷангал» дар ноҳияи Ашт
Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт аз ҷараёни амалисозии лоиҳаи «Бунёди ҷангал ва агроҷангал» боздид намуд. Зикр бояд кард, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат…
Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт аз ҷараёни амалисозии лоиҳаи «Бунёди ҷангал ва агроҷангал» боздид намуд. Зикр бояд кард, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бартарафсозии оқибатҳои тағйирёбии иқлим зиёд буда, дар заминаи паёмҳои Пешвои миллат ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026 ва барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2040 роҳандозӣ шудаанд.
Дар доираи лоиҳа аз ҷониби Хадамоти ҷангалии Кореяи Ҷанубӣ дар ноҳияи Ашт бунёди 350 гектар саксавулзор ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз корҳои таворабандии пурра анҷом ёфта, дар масоҳати 0,56 га ниҳолхона ва дар 77,5 га бо усули 6×2 кӯчатзор шинонида шудааст. Илова бар ин, як бошишгоҳ, аз ҷумла ду контейнер ва навес барои техника бунёд шудааст. Теъдоди умумии техника 4 ададро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, дар назди муассисаи вилоятӣ гармхонаи 240 м² бунёд гардидааст. Зимни сафари корӣ Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ ба корбарии чоҳи амудии 150-метра расман оғоз бахшид.