Вохурӣ бо Сарконсули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия ва Директори генералии ширкати Treemakers ҷаноби Клаус Ван Дик
Санаи 4-уми ноябри соли 2025 вохурии намояндагони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарконсули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар (Белгия) ва Директори генералии ширкати Treemakers ҷаноби Клаус Ван Дик баргузор гардид.
Ҳадаф аз вохурии мазкур муаррифии лоиҳаи барномаи “Tree Trace” мебошад, ки дар доираи он ташкили 10 хоҷагии ниҳолпарварӣ (Tree Nursery) дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст. Ин иқдом баҳри амалисозии ташаббуси пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати то соли 2037 табдил додани Тоҷикистон ба кишвари “сабз” ва шинонидани 2 миллиард дарахт дар доираи “Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” сурат мегирад, баргузор гардид.